Бар асари як муноқиша дар тарабхонаи шаҳри Маскав бо номи «Лунф ноч» шаҳрванди Тоҷикистон Назаров Дилшод Далерович аз зарби корд ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора дар торнамои расмии ҳаракати ҷамъияти умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» хабар дода мешавад.
Тибқи иттилои расида ба телефони ҳаракат рӯзи 31-уми март соати 4-и субҳ, сокини деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс Назаров Дилшод Далеровичи 22-сола дар натиҷаи задухӯрди рухдода миёни ҳамдиёрон, зодагони Тоҷикистон аз зарби корд ҷароҳат бардошта, каме баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
«Кормандони шуъбаи тафтишоти ноҳияи Водний ҷиҳати боздошти ҷинояткори ғайбзада тадбир меандешанд. Шахсияти кушторро содирнамуда муайян карда мешавад», - омадааст дар иттилои торнамо.
Зимнан зикр мегардад, ки ахиран ҳодисаҳои куштор миёни муҳоҷирон дар ҳоли афзоиш қарор дошта, муноқишаҳои миёни ҷавонон аксаран ба кордкашӣ анҷом мепазиранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста