Сабаби сӯхтор дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғонтеппа бино ба маълумотҳои пешакии фаврӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ унвон шуд.

Ба гуфти Суҳроб Қулмаҳмадов, котиби матбуотии Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, дар корхонаи хурди қаннодие, ки дар дохили комбинати гӯшти шаҳри Қурғонтеппа фаъолият мекард, дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сӯхтор ба амал омадааст.

«Вақте мо ба ҷои ҳодиса расидем, аллакай коргоҳи қаннодӣ пурра сӯхта буд. Аз сар задани сӯхтор ба мо хеле дер хабар доданд. Ин ҳам ронандаҳои таксӣ дудро дар дохили корхона дида, ба шуъбаи вазорати корҳои дохилаи шаҳр занг зада хабар медиҳанд. Баъдан навбатдори  ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба хадамоти оташнишонӣ соати 00:36 хабар медиҳад. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон ва ё масъулин аз сар задани сӯхтор ба хадамоти оташнишонӣ дер хабар медиҳанд, ки ҳам кори сӯхторнишонон мушкил мешавад ва ҳам молу амволи зиёд сӯхта нобуд шуда, ҳаёти одамон зери хатар мемонад»- гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз ҳисоби муфаттишони прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа, ШВКД ва раёсати оташнишонӣ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис ёфта, сабабҳои сар задани сӯхтор ва гунаҳгорони ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.