Наҷотдиҳандагони ҷасади навраси 12-соларо, ки рӯзи якшанбе дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст, ҷустуҷӯ доранд. Умедҷон Ғарибови 12-сола зимни гузаштан аз дарё тариқи иншооти зиддисел, ки зери пул мустақиман дар об ҷойгир шудаанд, ба об афтодааст.

Яке аз наздикони ӯ Зиёдулло Одинаев дар маҳалли фоҷеа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ назди дӯстонаш ба бозии футбол шитоб дошта, дарёро ҳамин тариқ бидуни истифода аз купрӯк гузаштанӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса ҳудуди соати 5-и шом рух дода, наҷотдиҳандагон танҳо субҳи имрӯз ба ҷустуҷӯи ҷасад оғоз кардаанд. «Наҷотдиҳандагони КҲФ соати 8-и субҳ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, вале то ҳол ҷасади ҷияни ман пайдо нашудааст», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки субҳ наҷотдиҳандагон кӯшидаанд, ки ҷасадро аз зери иншооти зиддисели бетонӣ дарёфт намоянд, вале чизе пайдо накардаанд.