Бар асари садамаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои Ҳисору Истаравшан 2 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 11 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмадризо Қурбонови 27-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 50-55 соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон шахсияти пиёдагард муайян карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар ҳудуди деҳаи Обҷувози ноҳияи Истаравшан ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-СРВ”, сокини ноҳияи Истаравшан Суҳробҷон Махсумови 29-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Замира Зиёеваи 25-сола, сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста