Се нафар сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва лату кӯби модар бо духтараш гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, соати 2-и шаби рӯзи 25 март афроди номаълум ба манзили сокини 48-солаи ҳамин ноҳия ворид шуда, соҳибхоназан ва духтари 17-солаи ӯро лату кӯб ва аз сандуқи оҳании хона 4,1 ҳазор сомонӣ, 15 ҳазор рубли русӣ, 200 доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи умумии 15 ҳазор сомониро тасарруф ва бо худ мебаранд.

Гуфта мешавад, рӯзи дигар кормандони милиса ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят се нафар сокинони 27, 24 ва 22-солаи ҳамин ноҳияро дастгир кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.