Беш аз 70 сокини деҳаи дурдасти маъруф ба Кӯр-Абдукарими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ се сол боз дар ҳоли тарсу ҳарос аз эҳтимоли зери кӯҳ мондани маҳалли зисти худ умр ба сар мебаранд. Ба қавли бошандагони ин мавзеъ, сар аз соли 2012 кӯҳи канори деҳа батадриҷ лағжиш хӯрда, чанд манзилро хароб ҳам кардааст.
Деҳаи Кӯр-Абдукарими ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 90-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва баландии 2740 метр аз сатҳи баҳр, дар миёни кӯҳи Хоҷамастон воқеъ аст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки се сол пеш бо сабаби аз даруни кӯҳ якбора рӯ задани об кӯҳпораи калон канда шуда, хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасони мардумро зери лой бурд.
Дар акс деҳаи Кӯр-Абдукарими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар дафъа, ки барфу борон меборад, мардум аз ин офат, яъне фуруди ярч роҳи наҷот меҷӯянд. Ҳоло фосилаи миёни хонаҳои мардуми деҳа ва теппаи фурӯрехта ҳамагӣ 10 метр буда, чунин хавф ҳам вуҷуд дорад, ки боришоти навбатӣ бо хисороти қобили мулоҳиза ё ҳатто фоҷиа барои бошандагони ин маҳал анҷом пазирад.
Мардуми ин деҳа мегӯянд, ки тӯли солҳои зиёди сукунат дар ин маҳал ба зиндагии бидуни барқ, оби нӯшокӣ, инчунин ба набудани роҳи мумфарш, бунгоҳи тиббию бинои устувори мактаб одат кардаанд, вале аз хавфи лағжиши ногаҳонии кӯҳу хок ва эҳтимоли тахриби манзилҳояшон хоби бароҳат надоранд.
Чанд сол пеш ба ҳар як хонаводаи деҳаҳои дигари баландкӯҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба хати барқ пайваст набуданд, аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори давлатӣ батареяи офтобӣ фиристоданд ва ҳама бо барқ таъмин шуданд. «Аммо ба сокинони деҳаи мо гуфтанд, ки шуморо аз ин ҷо мекӯчонем. То ҳанӯз бо чароғ шаби худро рӯз мекунем», - афсӯс мехӯрад Беков.
Дар акс кӯҳпораи лағжидае, ки то канори яке аз манзилҳои деҳа омадааст
Бебарқӣ як гӯшаи қалби Хайруллоро доғдор кардааст, чун соли гузашта писари хурдсолаш аз равғани чароғи сунъӣ ҷаҳорат бардошт. Мақомоти давлатӣ он замон барои анҷоми амали ҷарроҳӣ танҳо 1,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулияш доданд. Аммо ҳоло Хайрулло дар ноҳияи Ҳисор мардикорӣ мекунад, то маблағи кофие барои идомаи табобати писараш ба даст орад…
Дар паси кӯҳи Хоҷамастон сокинони ду деҳаи дигар - Наволиқ ва Ҷонбулоқ - бо барқ таъмин буда, шароити нисбатан беҳтар доранд. Ин деҳот низ дар феҳрасти маҳалҳои хатарноки аҳолинишин шомиланд, аммо дараҷаи хавфнокии ин ҷойҳоро мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар қиёс бо деҳаи Кӯр-Абдукарим пасттар арзёбӣ мекунанд.
Дар ин харитаи интерактивӣ ҷамоатҳои дучори хатар нишон дода шудаанд
Назрулло Эргашев , масъули идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, ки аз вазъи мардуми деҳаи Кӯр-Абдукарим огоҳ аст ва ба иқрори ӯ: «Сокинон дар ҳоли ногувор умр ба сар мебаранд. Мо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод кардаем. Бояд ба мардум замин дода бошанд».
Дар ин санади онлайнӣ рӯйхати деҳоти хавфнок оварда шудааст
Дар ҳамин ҳол Шамсулло Абдураҳмонов , раиси ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зикр кард, ки барои таъмини мардуми эҳтиёҷманди деҳоти ҳудуди ин ҷамоат дар маҷмӯъ 7 гектар замин ихтисос дода шудааст. «Агар замин ҷудо шуд, ҳатман ҳамаи мардумро аз деҳаи Кӯр-Абдукарим ба ҷойҳои бехавф мефарорем», - афзуд Абдураҳмонов.
Дар робита ба ин масъала Мирзомурод Саидов , раиси деҳаи Кӯр-Абдукарим мегӯяд, ки ҳоло дар деҳа 12 хоҷагӣ бо ҷамъи беш аз 70 нафар зиндагӣ мекунанд.
- Дар он ҷое замин ҷудо карданд, ки на хати барқ дошту на обу на роҳи мошингард, - изҳор дошт Саидов. - Мардум розӣ нашуданд. Мақомот ҳам ваъда надоданд, ки барои обод кардани он мавзеъ мадад мекунанд. Баҳона карда истодаанд. Нафароне, ки пул доданду ҷӯрабозӣ карданд, аз ҷойҳои ободӣ замин гирифтанд. Аммо ҳамдеҳаҳои моро “ Шумо халқи кӯҳ ” гуфта, фиреб карда гаштаанд…
Саидмурод Дӯстматов , нафаре, ки хонаи истиқоматиаш дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора зери лой мондааст, то ба ҳол соҳиби замин нашудааст. Вай аз бепарвоии масъулон нисбат ба мушкили мардуми ин деҳа чунин ҳасрат кард: «Чӣ илоҷ, замоне шудааст, ки ҳеҷ кас ғами каси дигарро намехӯрад. Бе хона намешавад. Чанд маротиба ариза навиштам. Дар ҷавоб мегӯянд, ки як мошин ҳезум, як чорво биёр, кори туро ҳал мекунем. “Замин медиҳанд” гуфта, гирифта бурдам, аммо ҳеҷ не, ки барои хонаводаи мо замин ҷудо шавад. “Майлаш” мегӯянду хомӯшанд! Дар хона 4 фарзандамро танҳо гузошта, ҳамроҳи оилаам ба саҳро ба кор мебароем, то каме ҳам бошад, бори рӯзгорро сабук намоем».
Дар акс ярчи 3 сол пеш лағжида, ки аснои боришот сарозер шуда метавонад
Фарорасии фасли баҳор агар бисёриҳоро шод кардааст, сокинони деҳаи Кӯр-Абдукарими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба гуфтаи худашон, ба талвоса афтодаанд. Соҳибҷамол Дӯстматова , сокини 70-солаи деҳа мегӯяд, феълан ҳамаи мардум хаймаҳои худро дар ҳоли омодабош нигоҳ медоранд ва ҳар дафъае борон меборад, ба болои тепа баромада, шабро рӯз мекунанд.
- Ҳамин ки барфу борон борад, ба ларза меоям, - идома дод Соҳибҷамол Дӯстматова. - Ҳамроҳи келинҳо ва наберагонам вақте ҳаво абр мегирад, ба такопӯ меоем. Зуд ҷойи ҳамворӣ меҷӯем ва хаймаҳоро он ҷо мебарем. Хонаи писари ман, ки онсӯтар мебинед, зери пораи кӯҳ монд. Ҳанӯз ҳам соҳиби хонаи нав нашудааст. Пас, чӣ тавр наҳаросем…
Мушкилии дигаре, ки мардуми деҳа доранд, надоштани оби ошомиданӣ мебошад. Пеш аз лағжиши кӯҳпора ва хатарзо шудани иқомат дар ин деҳа якчанд чашмаи хурд мавҷуд буд, ки мардум аз оби он истифода мекарданд. Аммо имрӯз он чашмаҳои хурдро лой пахш кардааст. Рӯзи боздиди мо аз ин деҳа занон бо зарфҳои обгирӣ дар даст ба об мерафтанд. Танҳо аз як нова чак-чак об мерехт ва онҳо банавбат об мегирифтанд. Барф ҳам барои сокинони деҳаи Кӯр-Абдукарим манбаи аслии об маҳсуб мешавад.
Сокинони ин деҳаи кӯҳӣ асосан ба чорводорию зироаткорӣ машғул буда, сарчашмаи ягонаи даромади зиндагиашон маҳз ҳамин аст. Дар деҳа мағозаи хӯрокворӣ мавҷуд набуда, бошандаҳо барои хариди маводи озуқа маҷбуранд, ки ба маркази ноҳия ё шаҳри Қӯрғонтеппа раванд.
- Ҳамаи касалии мо аз камбудии рӯзгорамон мебошад, - мегӯяд Сафармоҳ Тағоева , истиқоматкунандаи деҳаи Кӯр-Абдукарим. - Ҳадди ақал як «справка» барои кӯдакони навзодамонро ба осонӣ гирифта наметавонем. Майлаш, мо чизе, ки шудем, ҳамин қадар шудем. Вале ояндаи фарзандони мо чӣ мешавад? Ҳамагӣ як муаллим дорем дар мактаб. Ҳафтаҳо ба хонааш намеравад. Меистаду ба фарзандони мо дарс медиҳад. Шароит, ки маҳдуд буд, танҳо як писарамро бурда, дар маркази ноҳия мондам, то дар мактаби беҳтар таҳсил кунаду дониш омӯзад…
Дар акс мактаби деҳаи Кӯр-Абдукарим
Қисме аз кӯдакон дар миёни талу теппаҳо ба бозии худ саргарм буданд. Вақте диданд, ки мо наздик омадем, худро ба шикам дар рӯйи замин партофта, нидо карданд: «Э бача, исто, полис! Наҷунб, мепаронам!»…
Дар акс толибилмони мактаби деҳа
Дар кадом вазъ қарор доштани сокинони ин деҳаро, ба қавле, ҳама масъулон медонанду иқрор мекунанд, ки он ҷо зистан хавфнок аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар бартараф кардани ин мушкил ҳавсала нишон намедиҳанд.
Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид кардаанд, ки дар кори хайр таъҷил ва дар кори бад таъхир мебояд кард. Аммо ҳоло ки гап сари наҷоти мардум аз хавфу хатар меравад, кӣ дар таъхири он манфиатдор аст?!
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста