Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи рӯзи сешанбе ҷасади боз як ҳалокшуда аз зери ярчро пайдо карданд.

Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудугон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола тахминан соатҳои 8-и субҳ дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад, вале дар ин ҷустуҷӯи боқимонда 7 ҷасади дигар техникаҳои КҲФ истифода намешавад.

Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда дар зери ярч хотима бахшида, комиссияи муштарак ба хулосае расидааст, ки вазифаи аввалиндараҷа гузаронидани хатти об ба деҳа аст, аз ин рӯ, истифодаи техника қатъ ва кормандони Кумита ба кашидани хатти обгузар (водоповод) ба Яккабед машғуланд.

Ба гуфтаи Нозимов, дар корҳои ҷустӯҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон 100 нафар сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 99 нафар кормандони КҲФ ва МГ иштирок карда, ба маҳалли ҳодиса 2 адад трактор, 6 автомобили «УАЗ» ва «Нива» сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар - Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд.

КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошт, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ба сокинони деҳаи Яккабед ҳамдардӣ изҳор намуданд.