Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷасади боқимонда 3 нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд.
Имрӯз ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт шуданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.
Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар - Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола рӯзи 7 апрел дарёфт шуда буд. Ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола рӯзи 10 апрел дарёфт гардид. Ҷасади боз як як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо рӯзи 14 апрел аз зери ярч пайдо карданд.
Дарҳол пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста