Рӯзи 29 май дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муаллими фанни тарбияи ҷисмонии яке аз мактабҳои таҳсилотии умумии шаҳри Турсунзода, марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр Юлдош Айматов ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда аз сабаби вайрон шудани муносибатҳояш бо роҳбарияти мактаби №7-и шаҳри Турсунзода  дар масъалаи фаъолияти кориашон ва хусумати шахсӣ худи ҳамин рӯз тахминан соати 09:30-дақиқа аз бозор корди ошхонагӣ харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаби мазкур меояд.

Дар утоқи корӣ бо директори мактаб зани 51-солаи сокини ш.Турсунзода Дилором Нишонова ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ як зарбаи корд мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Сипас, гумонбаршуда бо ин ҷинояти содирнамудааш қаноат накарда, дар саҳни мактаб муовини директори мактаб, зани 48-солаи сокини ҳамин шаҳр ва хоҳари директори мактаб Гулнора Юлдошеваро бо истифода аз корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш мезанад. Ҷабрдидаи дуюм аз ҷароҳатҳои вазнини бардошташ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, субҳи рӯзи 29 май муовини директор Гулнора Юлдошева хонандагони синфҳои болоиро ба ҷамъомад (линейка) даъват карда, ин замон муаллими фанни варзиш ба ӯ наздик шуда, аз мӯйҳои ӯ мегирад ва ба гарданаш бо корд зарба мезанад, ки ин ҳодисаи даҳшатовар пеши чашмони кӯдакон ба вуқӯъ пайвастааст.

Бархе аз омӯзгорон кордро аз дасти Айматов гирифтанӣ шудаанд, вале ӯ ба онҳо бо куштан таҳдид кардааст. Сипас Айматов бо корд дар дасташ ҷамъомадро тарк намудааст.

Вақте омӯзгорон ба кабинети директор меоянд, то ки ба ӯ ин ҳодисаро бигӯянд, ӯ аллакай кушта шуда ва дар ҷисмаш якчанд захми корд намудор будааст.

Ҷасадҳои хоҳарон рӯзи 29 май ба хок супурда шуданд. Аз директори мактаб Дилором Нишонова се фарзанд ятим монда, ҳамсараш маъюб аст. Аз Гулнора Юлдошева чор фарзанд ятим монда, шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва ба маросими хоксупории ҳамсараш расида натавонист.

Омӯзгорони мактаб дар робита ба ин ҳодиса мегӯянд, то ҳол ҳайати муаллимон ва толибилмони шоҳиди ин ҳодиса ба худ наомада, хонандагон ба дарсҳо намеоянд. Айни замон раҳбарияти мактаб, шуъбаи маориф ва ҳукумати шаҳр бо толибилмону волидони онҳо суҳбатҳо мегузаронанд, вале ин ҷо камбуди мутахассисони равоншинос эҳсос мешавад, ки метавонистанд ба онҳо кумак кунанд.

Юлдош Айматов яке аз омӯзгорони беҳтарин ва муваффақи шаҳр маҳсуб ёфта, муддати тӯлонӣ ба Кумитаи варзиши шаҳри Турсунзода роҳбарӣ кардааст ва сипас ба ҳайси директори мактаби варзишии наврасон фаъолият намудааст. Шогирдони ӯ мудом дар чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳр ва ҷумҳурӣ ба ҷоизаҳо ноил мегардиданд.

Қабл аз куштор Айматов ба омодакунии хонандагон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ машғул будааст.

Ба гуфтаи ҳамкорони ӯ, Айматов аз зани якумаш ҷудо шуда, хонаашро ба ихтиёри фарзандон ва ҳамсараш гузоштааст. Бо ҳамсари дуюмаш дар хонаи иҷора ва тибқи қарордод замоне дар толори варзиши мактаб ҳам зиндагӣ кардааст.

Ба иттилои як манбаъ, қотил ихтиёрӣ ба мақомот таслим шуда, изҳор доштааст: «Ман ду нафарро ба қатл расонидам. Бо ман кори аз дастатон меомадаро кунед. Ман ба мақсадам расидам».