Бар асари як ҳодисаи нохуш дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 3 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Сардори дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи рӯзи 14 июн дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се нафар кӯдакон - духтарони 9 ва 11 сола ва ҳамчунин як писари 7-сола ба болои дарахти тут мебароянд ва  ногаҳон ба ҳавзи дар зери дарахтбуда афтида, дар он ғарқ шудаанд.