Шабонарӯзи гузашта 5 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 5 нафар, аз ҷумла ду нафар ноболиғон ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 22 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, марди 52-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб наздики фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Навобод аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 40-солаи сокини Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди Исфара-Боткент, дар ҳудуди ноҳияи Исфара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мотороллери тамғаи «Т-200», таҳти идораи ронанда, марди 47-солаи сокини ноҳияи Исфара бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мотороллер ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-560”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Фахрӣ дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №4-и ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, марди 32-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа велосипедрон дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашиани тамғаи “Хова”, марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Хуҷамбиёи-поён ба самти кӯчаи Нодира, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Хуҷамбиёи-боло, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 5-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғро пахш намудааст. Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Ховарон, дар рӯ ба рӯи бинои №93-и кӯчаи Хайробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста