Бар асари як садамаи нақлиёт, ки рӯзи 29 июн дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа - Кӯлоб дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо ин роҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро ба таги пули обгузар ба чуқурии 8-метр чаппа кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, ду шаҳрванди Русия: марди 27 ва 26-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 46-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, таҳти идораи ронанда, марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ, писарчаи 9-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.