Наҷотбахшону ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи се сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки се рӯз қабл аснои тамрини саҳроии хизматчиён дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, ҷалб карда нашудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»»  як манбаъ аз КҲФ иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, ба ҷустуҷӯи онҳо худи низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машғуланд. «Ба КҲФ бо дархости пайвастан ба ҷустуҷӯи сарбозон касе муроҷиат накардааст»,-қайд кард сарчашмаи хабар.

Ҳамзамон, тибқи иттилои ТАСС, тақдири сарбозон алъон номаълум боқӣ монда, ҷустуҷӯи низомиён идома дорад. Тибқи маълумоти наҷотбахшон, фоҷеа 29-уми июн зимни тамринҳо дар дарё, дар ҳудуди машқгоҳи «Самбулӣ» рух додааст.