Танҳо давоми як шабонарӯз, 3 июл дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 9 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки зимни оббозӣ эҳтиёткор бошанду назди ҳавзу кӯл ва дарёҳо кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоранд.
Тибқи маълумоти ВКД, қариб ҳамаи ҳодисаҳо ҳангоми оббозӣ ва дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва камтаваҷҷуҳии волидон ба вуқӯъ пайваста, дар ноҳияи Восеъ кӯдаки 1-солае, ки бе нигоҳубин гузошта шуда буд, дар ҳавзи назди ҳавлӣ ғарқ ва ҳалок шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сокини 15-солаи ноҳияи Ишкошим ба Гармчашма афтода, ҳалок шудаст ва ҷустуҷӯи ҷасадаш ҳоло идома дорад.
Дар Шаҳринав кӯдакони 5 ва 3-сола ҳангоми оббозӣ дар ҷуйбор (канал) ғарқ шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ писарчаи 4-сола ба дарё афтода, ғарқ шудааст.
Дар дарёи Кофарниҳон сокини 27-солаи шаҳри Душанбе ғарқ шуда, зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми обгирӣ ногаҳон ба дарёи Ёвонсу афтода ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдаки 2-сола ғарқ шуда, ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ҷавони 18-сола ҳалок шудааст ва ҳамчунин дар дарёи Қаратоғ низ кӯдаки 10-солаи сокини шаҳри Турсунзода низ зимни оббозӣ ғарқ ва ҳалок шудааст.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста