Шабонарӯзи сипаришуда дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозии кишвар 8 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Конибодом ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад.
Гуфта мешавад, духтарчаи 2-солаи истиқоматкунандаи ш.Исфара аз беназоратии волидайнаш ба ҷӯйбори қафои ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
«Марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Сурхоб” ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади марҳум чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Сокини дигари ноҳияи Рашт, писарбачаи 11-сола, ҳангоми моҳигирӣ ба дарёи “Сорбоғ” афтида, ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рашт, донишҷӯ, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони 18-солаи сокини н. Данғара ҳангоми оббозӣ карданаш дар кӯли ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад.
Зикр мегардад, ки дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров шаҳрванди Чин, марди 26-сола, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд ҳангоми оббозӣ карданаш дар обанбори “Қайроққум” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Хамчунин қайд мешавад, ки духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми бо ҳамроҳии модараш дар лаби дарёчаи “Ҷавҷӣ”-и ноҳия қарор доштанаш, аз беаҳамиятии модараш ба дарё афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста