Ҳафтаи аввали моҳи июл дар обанбору дарёву кӯл ва дигар макони оббозии Тоҷикистон 23 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафари онҳо ҳоло ба синни 17-солагӣ нарасида буданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар шаҳрвандони кишвар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.

«Сабаби асосии босуръат афзудани шумори ғарқшудагон дар об гармии беҳад зиёду тоқатфарсо ва риоя накардани қоидаҳои оддии бехатарӣ аст», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки танҳо рӯзи 7 июл дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон 2 нафар шаҳрвандони 12 ва 28-сола ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, ҷӯстуҷӯи ҷасадҳои онҳо то ҳол идома дорад.