Бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ на кам аз 3 тан ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Котиби матбуотии раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷамоати Водхурди ноҳияи Ванҷ маҷрои селоба автомашинаи «Старекс»-ро пӯшонидаааст, ки дар дохили он 5 нафар қарор доштаанд. Дар натиҷа се нафар ҳалок шуда, боз ду тан аз онҳо бедарак шудаанд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар деҳаи Лугади ҷамоати Водхуди ин ноҳия экскаватор ва ду автомашинаи боркаш зери маҷрои селоба монда, айни замон ҷустуҷӯи яке аз ронандагони автомашинаҳо идома дорад.

Асламшоева қайд кард, ки бар асари фаромадани сел ба деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ баста шуда, айни замон корҳои барқароркунии таъмини ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти раиси вилоят изҳор доштанд, ки дар ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз маҷрои селоба ду пули раҳгузар ва дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон якчанд биноҳои навсохтаро хароб кардааст. «Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон низ селфароӣ ба қайд гирифта шуд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади роҳандозии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ субҳи имрӯз муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ба ноҳияи Дарвоз омадааст. «Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов низ дар роҳ ба ин ноҳия аст», - афзуд ӯ.