Болоравии босуръати ҳарорат ва беҳад баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ба офатҳои табиии навбатӣ дар чанде аз ноҳияҳои ВМКБ боис шуданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз бар асари болоравии сатҳи оби дарёи Хингоб дар қаламрави ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метр роҳи мошингард, ки маркази кишварро бо ВМКБ тариқи ағбаи Хобуробод мепайвандад, пурра вайрон шуда, 103 метри ин роҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияи Ишкошим маҷрои селоба 15 метр роҳи мошингардро пурра хароб сохта, дар ин мавзеъ обкандаҳо бо чуқурии 3 метр ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб маҷрои селоба пулро шустааст.

Дар ноҳияи Шуғнон ҳукумати маҳаллӣ ба 83 оилаи манзилашон аз сел осебдида барои сохтмони манзил қитъаҳои замин ҷудо кардааст

Барои сокинони аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Шуғнон сохмтони 70 манзил аллакай оғоз гардидааст.