Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари селфароиҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон огоҳ мекунад.

Дар иттилои обуҳавошиносони тоҷик зикр мегардад, ки се рӯзи оянда дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Дарвозу Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Тавилдараву Варзоб ва ҳамчунин ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд хатари селфароӣ боқӣ мемонад.

«Дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Язғулом ва Зарафшон, ки асосан аз ҳисоби захираҳои мавсимии барфу пиряхҳо шодоб мегардад, болоравии сатҳи об дар назар аст», - қайд мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи июл бар асари гармии беҳад зиёд пиряхҳо тезтар об шуда, дар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар сел омад. Зиёни умумии расида аз ин офати табииро ҳукумат 600 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд.