Кормандони мақомоти милисаи пойтахт марди 23-солаи сокини  шаҳри Душанберо ба гумони даст задан ба ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2015, тахминан соати 00:20-дақиқа, вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин гумонбаршуда кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи ноболиғи зани кушташуда мезанад, ки бар асари он писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.