Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Душанбе бо намояндагони сохторҳои низомӣ, Департаменти давлатӣ ва фармондеҳии марказии ИМА дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ, дар вохӯрӣ масоили марбут ба роҳандозии табодули таҷриба ва маълумот, омодасозии ҳайати шахсӣ дар маҳалҳо, таҷрибаандӯзии намояндагони ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба малакаҳои касбии наҷотдиҳандагон баррасӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд манфиатдорӣ изҳор намудаанд.