Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар наврасон бар асари як садама дар шоҳроҳи Р-23 Петербург - Невел дар вилояти Пскови Русия осеб диданд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд.

Хабаргузории «Интерфакс» дар ин робита менависад, нимашаб дар километри 301-уми шоҳроҳи Петербург - Невел ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген Каравелла» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун ва ба симчӯб бармехӯрад. Бар асари ин садама сокинони Тоҷикистон - зани 43-сола ва наврасони 16 ва 14-сола осеб дидаанд.

«Осебдидагон ба бемористони вилоятии Псков оварда шуда, ба ҳаёту солимии онҳо чизе таҳдид намекунад», - иттилоъ медиҳад хабаргузории «Псковское агентство информации»