Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Хоакин Торро дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот вазир зарурати таҳкими зербинои муҳим барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табииро таъкид дошт.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ механизмҳои амалисозӣ, сохтор ва ҷанбаҳои лоиҳа оид ба идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмим гирифта шуд, ки лоиҳа тавассути Вазоратҳои молияву нақлиёт ва Агентии обёрӣ ва мелиоратсияи назди ҳукумати ҶТ амалӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ин лоиҳа имкони роҳандозии зерлоиҳаҳои сармоягузорӣ низ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин ба муҳлати таҳияи лоиҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд а амалҳои минбаъда бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбатро мувофиқа карданд.