Автомашинаи мутааллиқ ба консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба ранги сурхи чароғак ҳаракат карда, ба таксӣ бархӯрдааст.

Хабаргузории «Фонтанка» дар ин робита менависад, шоми рӯзи панҷшанбе автомашинаи навъи Toyota Camry бо рақамҳои сурхи дипломатӣ ба ранги сурхи чароғак дар чорроҳаи Торжковский ва Белоостровский риоя накарда, ҳаракатро идома додааст ва дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи Volkswagen Jetta-и ширкати «Таксовичкофф» бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, кормандони пулис муайян кардаанд, ки автомашинаи тамғаи «Тойота» ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Петербург тааллуқ дошта, сари чамбарак масъули шуъбаи робита бо ҷоеааи консулгарӣ нишаста будааст.

Тибқи маълумоти Радио Балтика , бино ба хабарҳои пешакӣ, аз ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ надодааст.