Дар дохили канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ субҳи рӯзи 22 март ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ду даст ва пойҳояш бо ресмон бастагӣ дарёфт гардидааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки он ҷасади зани 26-солаи сокини ноҳияи ҶалолиддиниБалхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст.

Гуфта мешавад, барои муайян ва ошкор намудани ҷинояти куштор фавран бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Қайд мешавад, ки рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.