Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва сафорати Ҷопон дар Тоҷикистион дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хоакин Торро масоили омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими имконоти мавҷудаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Маркази наҷотбахшии КҲФ, таъсис ва муҷаҳҳаз гардонидани Марказҳои идоракунии вазъҳои фавқулодаа дар шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин пешниҳодҳои Кумита доир ба тақвияти минбаъдаи фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо кордори муваққатии Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ҷонибҳо механизмҳои оғози амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон «Таҳкими имконоти коҳиши хатари офатҳо ва аксуламал дар Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ бо дипломати Ҷопон ҳамчунин атрофи масъалаи дар заминаи Маркази таълимиву методии КҲФ таъсис додани Маркази байнулмилалии омодагӣ ва бозомӯзими кормандони сохторҳои дахлдори Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.