Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар қаламрави ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 1 нафар ҳалок ва 17 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз маҳалли ҳодиса таркиш замони аз автомашинаи боркаши «Дулан» ба зарфҳои нуқтаи сӯзишворӣ интиқол додани гази моеъ рух додааст.
Бар асари таркиш нуқтаи сӯзишворӣ пурра ба коми оташ рафта, ҳамчунин аз мавҷи оташ фурӯшгоҳҳо, ошхона, ва нуқтаҳои фурӯши харбузу тарбуз, ҳамчунин 2 автомашинаи тамғаи Опел ва Мерседес низ осеб дидаанд.
Ҳамшираи шафқати навбатдори бемористони вилоят Сайёра Ризоева хабар дод, ки ба қабулгоҳ 17 нафар осебдидагон аз ин сӯхторро оварда, як тан аз онҳо бо сӯхтаҳо дар дасту пояш ҳолаташ каме вазнин ва ба боқимонда 16 нафар кумаки тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Як манбаъ аз бемористони клиникии вилоят ба номи Бурӣ Воҳидов иттилоъ дод, ки шахси ҳалокшуда аз ин ҳодиса сокини 35-солаи шаҳри Сарбанд, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Алихон Малахов буда, худи ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба хок супурдаанд. Ӯ соҳиби се фарзанди ноболиғ будааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аввал зарф (систерна) оташ гирифта, сипас таркиши сахт ба вуқӯъ пайвастааст.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста