Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 28 то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид, аз ҷумла боришоти шадид, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои доманакӯҳ фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур набуда, тахриби хатҳои интиқоли барқ, сохторҳои рекламавии паҳну баланди номустаҳкам ва шикастану афтодани дарахтон имкон дорад, ки ба осеб дидани воситаи нақлиёт, афзоиши шумори ҳодисаҳои ҷароҳатбардорӣ миёни аҳолӣ боис шуда метавонад.
Дар ин робита КҲФ ва МГ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо баҳри таъмини бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя намоянд:
- пӯшидани тирезаҳо ҳангоми аз хона берун рафтан;
- мувофиқи имкон гузоштани автомобил дар гараж ва дар сурати мавҷуд набудани он, дуртар аз зери дарахтон ва сохторҳои номустаҳкам.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста