Охири  ҳафтаи сипаришуда аз мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.