Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ду автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳам бархӯрда, яке аз онҳо пурра сӯхт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД тоҷикистон, субҳи рӯзи 23 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи Айнӣ, дар назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 25-солаи сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи рух додани чунин бархӯрд автомашинаи «Опел-Астра» оташ гирифта, корношоям мегардад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» ва ду мусофири дигари ҳамин автомашина ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон, аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишотӣ давом доранд.