Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҳам бархӯрдаанд, ки онҳоро мардони синни 22 ва 26-сола идора мекарданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, садама бо айби ронандаи 22-сола рух дода, бар асари он худи ронанда ва мусофирони автомашина - сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 ва 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. «Инчунин, мусофири дигар, марди 25-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст», - омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти ВКД, тӯли 8 моҳи соли равон дар роҳҳои кишвар 928 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи онҳо 311 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 970 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.