Як ҷавонзани 19-солаи шаҳри Истаравшан барои додани ҳаққи фолбинзани маҳаллӣ аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш пул дуздида, ба ӯ медодааст. Дар ниҳояти кор ин ҷавонзан даст ба худкушӣ задааст.

Мақомоти милитсия ва прокуратура нисбати сокини 34-солаи шаҳр Маърифат Каримова, ки ба фолбинӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯ ба далелҳои сершумори даст доштан дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, фолбинзан бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани муаммо, яъне мусоидат дар бавуҷудории муҳаббат ва оқибат хонадоршавии духтар бо ҷавони дӯстдошта, давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон, маҷмӯан зиёда аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловориро аз ҷавондухтар талаб карда гирифтааст.

«Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд», - омадааст дар маълумот.