Дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ субҳи барвақти имрӯз бар асари яхбандии роҳ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» бо автомашинаи тамғаи «Opel Astra Caravan» бархӯрд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ин ҳодиса чор нафар шахсон бо ҷароҳатҳои вазнин дар дохили автомашинаҳои пачақшуда дармонда, ғайр аз ин, хатари оташгирии сӯзишворӣ дар бакҳои автомашинаҳо вуҷуд дошт.


Ба гуфтаи ӯ, бо огаҳӣ ёфтан аз ин садамаи нақлиёт наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

«Дар ҷойи ҳодиса онҳо дар навбати аввал кори акккумуляторҳои автомашинаҳоро қатъ намуданд, то ки аз оташгирии имкопазири сӯзишворӣ пешгирӣ шавад, - гуфт ӯ. - Автомашинаҳо хеле зиёд осеб дида, дар дохили онҳо чор нафар - 1 нафар дар «Мерседес» ва 3 нафар дар «Опел» қарор доштанд».

Зимнан зикр гардид, ки бо кумаки асбоби гидравликӣ наҷотдиҳандагон шахсони дар автомашинаҳо даромондаро берун гирифта, ба ихтиёри табибони автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» супурдаанд.

«Мутаассифона, ду тан аз ҷароҳатбардоштагон дар роҳ ба бемористон ҳалок шуданд», - афзуд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.