Аллакай шабонарӯзи сеюм аст, ки ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ шудааст. Тавре маълум шуд, як писару духтари наврас дар канали Варзоб ғарқ шудаанд. Ба қисмате аз манзилҳои Душанбе об аз ҳамин канал меояд. Ҷасади духтар то ҳол дарёфт нашудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли оби нӯшокӣ арзу шикоят мекунанд. «Аллакай рӯзи сеюм аст, ки ба мо ваъда медиҳанд, ки субҳ ё шом интиқоли обро таъмин мекунанд, вале чун пешина об нест», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои назди Театри ҷавонон.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки рӯзи 24 апрел ду сокини ноболиғи деҳаи Бакавул Муҳаммад Абдураҳмонови 16-сола ва Малика Неъматзодаи 13-сола дар канали Варзоб ғарқ шуда, ҷасади Муҳаммад дар канали дериватсионии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайдо шудааст, вале ҷасади Маликаро ғаввосон (водолазҳо) то ҳол меҷӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, барои пешгирии аз ҷониби сокинони Душанбе истеъмоли нашудани шояд оби ифлос ё зараровар, тасмим гирифта шуд, ки интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда шавад.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки ин тасмим маҷбурӣ рӯи кор омада, баъди дарёфти ҷасади писари наврас, интиқоли оби нӯшокӣ барқарор карда мешавад.