Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ корҳои рафъи оқибатҳои обхезӣ, ки рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ворид шуда, деҳаи Тоҷикистонро зери об монд, идома доранд.

1/19

Имрӯз сатҳи об каме поин рафта, аксари манзилҳои сокинони деҳаи аз минтақаи зери об берун шуданд, вале қитъаи роҳи тақрибан 800-метраи Душанбе - Дарвоз то ҳол зери об боқӣ монда, ҳаракати нақлиёт тариқи роҳ ғайриимкон мебошад. Аз Душанбе ба Дарвоз ва минбаъд ба Хоруғ метавон тариқи роҳи Душанбе - Тавилдара бо ағбаи Хобуробот сафар кард.

Муовини аввали сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилоят Гулша Насиллобеков ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи ба макони бехавфи иқомат кӯчонидани осебдидагон аз офати табиӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, ҳаҷми зарар ҳисобу китоб ва баҳри рафъи пурраи оқибатҳои обхезӣ наҷотдиҳандагон ва техника кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи аз 7 июл барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе - Хоруғ маълумот дод.