Ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 2-юми август рух дода, замони бозии кӯдаки 6-сола дар дар назди ҳавлии истиқоматиашон дар маҳллаи Темурмалики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саг ба ӯ ҳамла мекунад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, саг ба кӯдак ҳамла карда, як маротиба аз бари рӯй ва тахтапушташ газидааст.

Гуфта мешавад, мутаассифона, дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.