Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ронандаи гунаҳкор ба пахши пиёдагрдонро, ки ин ҳодиса рӯзи 30 июл дар Душанбе рух дода буд, эълон кард.

Баъди гузашти 10 рӯз аз ин ҳодиса хадамоти матбуоти ВКД хабар дод, ки автомашинаи тамғаи хориҷии гаронбаҳоро муфаттиши шуъбаи тафтишотии КДАМ Тоҷикистон Одилҷон Шарифов идора мекардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Шарифов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагардон Мизонов М. ва Ҷобиров К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷобиров Қ. дар беморхона вафот кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур маводҳо барои қабул намудани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон равон карда шудааст.

Аз Вазорати мудофиаи  Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳалокшуда дар ин садамаи нақлиёт ба ҳайси сармутахассис дар ин Вазорат фаъолият намуда, унвони ҳарбӣ надоштааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози сол дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 194 нафар ҳалок ва 623 тан ҷароҳат бардоштаанд.