Дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Истарафшан кӯдаки 4-солае ҳалок шуд, ки ба даруни деги суманаки ҷӯшидаистода афтодааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Як табиби беморхона, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, хабар дод, ки Рустамбек Қодирови 4-сола рӯзи 21 март ба беморхона оварда шуда, 75 фоизи баданаш сӯхта буд.

Ба гуфтаи волидони кӯдак, ӯ ба даруни деге афтодааст, ки дар он суманак мепухтаанд. Падари кӯдак ӯро аз деги ҷӯшон берун кашида, дастони худаш ҳам сӯхтааст.

«То рӯзи 27 март кӯдак дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ва тавассути дастгоҳи нафасгирии сунъӣ нафас мегирифт, - гуфт манбаъ дар бемрхона. - Табибон баҳри наҷоти ӯ аз тамоми воситаҳову имконот истифода карданд, вале мутаассифона, чун роҳҳои нафасгириаш хеле зиёд сӯхта буданд, ӯ ба ҳуш наомада, шаби 27 март фавтид».

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Истаравшан ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.