Бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои хатсайри Маскав - Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти фаврӣ.

«Бо сабаби нуқси техникӣ ҳавопаймои ширкати Tajik Air, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, сӯзишвориашро сарф карда, дар Домодедово фуруд омад», - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои Boeing 737-300 ширкати Tajik Air соати 01:03 ба вақти Маскав парвоз карда, бо худ 141 нафар мусофир дошт.

Дар портали Flightradar24.com ҳавопаймои ин хатсайр бо ранги сурх - дар ҳолати фавқулода қарордошта зикк гардида буд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо дар фазои болои вилояти Рязан бозпас ба Маскав бармегардад ва сипас барои сарфи сӯзишворӣ дар фазо чарх мезанад. Ҳавопаймо соати 04:18 ба вақти Маскав ба Домодедово баргаштааст.

Аз рӯи ин далел алҳол ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо Tajik Air дар тамос шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.