Писарчаи 4-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати Utair бо хатсайри Маскав-Душанбе аз олам даргузашт.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Ҳусейн Усмонов ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин дар бораи ному насаби писарча ва ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашудааст.
“Ҳавопаймои ин хатсайр бидуни таъхир – соати 22:00 рӯзи 23 октябр аз фурудгоҳи “Внуково” ба ҳаво бархост. Аллакай вақти парвоз ҳолати писарча бад шуда, наҷоти ӯ муяссар нашуд. Дар ҳавопаймо ӯро тағояш ҳамроҳӣ дошт”, - иброз дошт ӯ.
Бино ба гуфтаи Усмонов, роҳари ҳайати халабонони ҳавопаймо тасмим гирифтааст, ки дар Оренбург таъҷилан ба замин фуруд меояд.
“Хеши писарчаи фавтида ва ҷасади ӯ то ошкор кардани ҳолатҳои ҳодиса дар Оренбург нигоҳ доша мешаванд. Дигар мусофирони хатсайр соати 8-и субҳ ба фурудгоҳи Душанбе омаданд”, - илова кард манбаъ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.