Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон рӯзи 11 август ҳодисаи фоҷеабор рух дод: ронандаи 19-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба чуқурӣ чаппа мешавад.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ронанда Равшан Ҳусейнови 19-сола, сокини шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба чуқурии 67-метр чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, худи ронанда, бибии 68-сола ва хоҳари 18-солаи ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, модараш ва хоҳари дигараш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки  ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқи мақомот қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.