Дар яке аз садамаҳои нақлиётии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” зану шавҳар ҷон бохтанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 6-уми октябр автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Толибҷон Усмонов дар болои пули ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Опел-Вектра» таҳти идораи Абдуқаҳҳор Қаландаров бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба фавтидааст. Ҳамзамон мусофири «Опел-Зафира» Мубинҷон Ҳомидов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳамчунин рӯзи 4-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Калина” Акрамҷон Ашуров зимни ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳия Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда бо ҳамсараш Рӯзигул Одинаева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофир Суҳроб Меликов дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста