Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) субҳи 1-уми январ ҷасади сержанти милитсия Дилшодҷон Аҳлиддиновро ба пайвандону наздиконаш супурданд. Ба гуфтаи кормандони милитсия, ӯ дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ задааст.

Ҷасади Дилшодҷон Аҳлиддиновро дар як анбори ангишти шуъбаи милитсияи ноҳия пайдо кардаанд.

“Тибқи овозаҳо, Аҳлиддинов аз сабаби ҷанҷоли оилавӣ худкушӣ кардааст. Аммо ин танҳо яке аз фарзияҳост. Айни замон тафтишот ҷараён дорад ва дар бораи натиҷаҳояш мо дертар хабар медиҳем”, - гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, пайвандону наздикони марҳум ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Манучеҳр Аҳлиддинов, бародари Дилшодҷон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хабари марги бародарашро аз аҳли хонавода шунидааст.

“Ба падару модарам гуфтаанд, ки ӯ субҳ соати 9 ба як анбори ангишти шуъба рафта, дар он ҷо ба зери манаҳаш ду тир задааст. Ҳамон рӯз бародарамро ба деҳаи Ҷайлған оварда, соати 4 дафн кардаанд. Зери манаҳи бародарам осори ду тир будааст”.

Манучеҳр Аҳлиддинов изҳор доштааст, ки ба худкушии бародараш бовар надорад, зеро ӯ “дар зиндагӣ ягон мушкили моддӣ надошт, бо оилааш ҷанҷолу хархаша надошт ва аз касе ҳам қарздор набуд”.

Ба қавли бародараш, Манучеҳр Аҳлиддинови 32-сола ним сол пеш дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ба кор шурӯъ кард. Ӯ зан ва як тифли хурдсол доштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.