Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ,  нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт бо кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма сарозер шуда, ӯ дар зери он мондааст.

Гуфта мешавад, вақте ӯро аз зери ғарами барф берун овардаанд, зинда будааст, вале ҳангоми интиқол ба бемористони ҷамоати деҳоти Ҳоит ба ҳалокат расидааст.

Ин аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 аст. Чанд рӯз қабл дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наҷотбахшони Кумита якҷо бо намояндагони IRS се корманди зери ғарами барф мондаи ин ширкатро бе ягон осеб берун оварда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.