Ҷасади як сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз охири моҳи ноябри соли гузашта бедарак буд, ахиран аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд.

Кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ ҷасади сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнонро аз соҳили Ғунд пайдо карда, ба мақомоти марбута супориданд.

Бино ба иттилои КҲФ, хабари дар соҳили Ғунд пайдо шудани ҷасади марди ношинос ба Раёсат соати 11:15 дақиқаи рӯзи 18-уми феврал расид ва кормандони фаврии бахши наҷот ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Баъди аз оби соҳил берун овардани ҷасад онро ба шаҳри Хоруғ интиқол доданд. Ташхиси судӣ нишон дод, ки ин мард сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон буда, 48 сол умр доштааст.

Марҳум аз 25-уми ноябри соли 2019 бедарак буд ва муддати се моҳ пайвандонаш ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро меҷустанд.

Ҳоло маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё дар пайи ҳодисаи нохуш дар об ғарқ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.