Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади мардеро дар чоҳи наздикии муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”дарёфт карданд.
Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, ҷасади марди ношинос нимаи дуюми рӯзи 1-уми март дарёфт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳуввияти ҷасад маълум набуда, асноди мушаххаскунандаи шахсияти ӯ вуҷуд надошт ва аз ин рӯ, кормандони Кумита ҷасадро барои шиносоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд рӯзи ахир наҷотбахшони тоҷик 2 ҷасади мардонро дар қаламрави шаҳри Душанбе дарёфт карданд.
Ҷасади аввал рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»-и маҳаллаи Заргар, дар дохили канали Варзоб пайдо гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.