Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади мардеро аз канали Варзоб берун оварданд.
Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, ҷасади марди ношинос субҳи 28-уми феврал дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»-и маҳаллаи Заргар дар дохили канали Варзоб дарёфт шудааст.
Марҳум сокини 46-солаи пойтахт Н Додхудоев буда, пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд.
Ҷасад аз об берун оварда шуда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Айни замон фарзияҳои гуногуни сабабҳои марги мард, аз ҷумла, даст ба худкушӣ задани ӯ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.