Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Боронҳои пуршиддат ва жола бо раъду барқ, дар навоҳии кӯҳии беш аз 2000 метр барфи тар меборад. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.

Боришҳои шадид боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо мешаванд. Аз соҳил баромадани об хатаре ба заминҳои кишт, манзили мардум, пулҳо ва саддҳо шуда метавонад. Дар натиҷаи боришҳои пуршиддат имкон дорад, ҳолатҳои фавқулоддаи зерин рух диҳанд:

- эҳтимолан садамаҳои нақлиёт дар роҳҳо зиёд мешаванд, бахусус, дар ҷодаҳои кӯҳӣ. Шояд аз сабаби канда шудани пулҳо, омадани сел ва ғайра ҳаракати мошинҳо дар баъзе роҳҳо маҳдуд шаванд;

- эҳтимол дар баъзе минтақаҳо нуқтаҳои аҳолинишин дар натиҷаи садама дидани системаҳои дренажӣ ва қубурҳои обгузар зери об монанд;

- эҳтимоли зери об мондани баъзе қитъаҳои роҳҳо, боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву дарёҳои хурд, заминҳои кишт, биноҳои навсохт, ки дар сари роҳи сел ҷойгиранд, вуҷуд дорад;

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолии кишвар дархост мекунад, сари вақт ҷӯйборҳоеро, ки аз назди хонаҳо мегузаранд, тоза кунанд.

Ҳамзамон Кумита огоҳ месозад, ки ҳавои номусоид хатҳои интиқоли барқро вайрон ва боди сахт дарахтонро шикаста, пояҳои заъифи рекломҳо сарозер карда метавонад. “Аз ин рӯ, вақте шумо дар кӯча бошед, кӯшиш кунед аз зери дарахтону симчӯбҳои барқ ва пояҳои реклом нагузаред ва ё агар роҳи дигаре нест, пас хеле бошитоб гузаред”, - тавсия додааст КҲФ.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, қоидаҳои ососии бехатарии шахсиро риоя кунанд. Дар ин рӯзҳо роҳандозии корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар рустаниҳои шифобахш хатар дорад.

“Ҳамчунин ҳавои номусоид чаронидани чорворо дар саҳро мушкил мекунад, аз ин рӯ, эҳтиёт хеле хуб аст”, - навиштааст КҲФ.

Аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост шудааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода созанд, камбудиҳои техникиро бартараф кунанд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.
“Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба вазъи хатарнок бояд ба рақами 112 ва ё қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед”, - таъкид кардааст КҲФ.