Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани сел ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ оварда, роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикат баста, дар роҳҳои байни деҳоти ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор сел мушкилот ба бор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ бо истифода аз техникаи махсус роҳҳо аз лойю лойқа поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан борони шадид зироатҳои кишоварзиро зери об карда, ҳоло дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.

Субҳи 14-уми май дар натиҷаи боронҳои шадид дар роҳи мошингарди Нуробод – Лахш дар километри 94-95 ва 101-103 резиши санг ба амал омада, роҳ муваққатан баста шуд. Барои бартараф кардани оқибати ин офати табиӣ 2 техникаи махсуси роҳрӯбӣ ҷудо шуд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст.

“Бегоҳии 13-уми май дар ноҳияи Ёвон бо партоби 5 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” ду минтақаи хавфнок ва дар ноҳияи Данғара бо партоби 2 мушак як минтақаи хатарнок безарар гардонида шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

КҲФ бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то рӯзи 15-уми май ҳаво дар саросари мамлакат ҳамин гуна пурбориш боқӣ монда, ҳамоно хатари омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот аз аҳолии кишвар дархост шудааст, ки  дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.