Зани сокини 47-солаи шаҳри Норак ҳангоми пистачинӣ дар кӯҳи Нор аз ҷарӣ ба поин сарозер шуда, ба ҷуқурии 20-метра меафтад.
“Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо расидани ин хабар ба нуқтаи навбатдорӣ наҷотбахшони Хадамоти Кумита дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ занро аз ҷуқурӣ берун оварданд.
“Зани ҷабрдида ба беморхонаи шаҳри Норак интиқол дода шуда, вазъи солимиаш қаноатбахш арзёбӣ мешавад”, - қайд кард Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаи дигари садамаи нақлиёт, ки дар километри 87-уми роҳи мошингарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб рух дод, ронанда ва мусофири он - бародари 25-солаи ӯ, ки ҳар ду аз шаҳри Истаравшан мебошанд, осеб диданд.
“Наҷотбахшони Кумита ронанда ва ва мусофири онро аз автомашинаи паҷақшудаи тамғаи “Дулан” берун кашида, ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол доданд”, - илова кард котиби матбуотии Кумита.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.